Дархости даҳҳо кишвари ҷаҳон барои хариди тестҳои ташхиси коронаи сохти Эрон
(last modified Wed, 29 Apr 2020 11:18:01 GMT )
Апрел 29, 2020 16:18 Asia/Dushanbe
  • Дархости  даҳҳо кишвари ҷаҳон барои хариди тестҳои ташхиси коронаи сохти Эрон

Дабири Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо бемории корона дар Эрон аз тақозои 40 кишвари ҷаҳон барои хариди тестҳои ташхиси коронаи тавлиди ширкати донишбунёни эронӣ хабар дод.

Мустафо Қонеӣ, раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо бемории корона дар Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо баёни ин ки ду навъ тести ташхис барои шиносоии корона вуҷуд дорад, афзуд: Тестҳои ташхиси молкулӣ мавриди ниёзи кишвар аст ва иҷозаи содирот надорад, аммо тести ташхиси элиза (ташхиси подтан, анти боди) беш аз ниёзи кишвар тавлид мешавад ва иҷозатномаи содирот гирифтааст.

Қонеӣ гуфт: Як ширкати донишбунёни эронии тавлидкунандаи тестҳои элиза дар кишвар эълом карда: Рӯзона қодир ба тавлиди беш аз як миллион тести ташхис аст, аммо ниёзи кишвар танҳо як миллион тест эълом шудааст, ки бақия имкони содирот  дорад.

Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо бемории корона дар Эрон бо ишора ба ин ки номи ширкати донишбунёни эронӣ дар рӯйхатти ширкатҳои тавлидкунандаи тести ташхис  дар сатҳи байналмиллалӣ қарор гирифтааст, ёдовар шуд: Тавлиди тести элиза аз назари илмӣ печида нест ва эҳтимолан то як соли оянда дар кишварҳои дорои ин технологӣ тавлид хоҳад шуд, аммо суръати тавлид танҳо ду моҳ пас аз шуйюи корона ва ҳамчунин гирифтани таъйидияи стандарт ва иҷозатномаи содирот, мазияти рақобатии ширкати донишбунёни эронӣ аст.

Қонеӣ дар идома бо баёни ин ки Эрон ҷузви панҷ кишвари нахуст дар заминаи таҳқиқоти мудохилаии корона аст, афзуд: Ҳадаф аз таҳқиқоти мудохилаӣ дармон ва кашфи дору ё ваксина аст.

Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо бемории корона дар Эрон  бо ишора ба иҷрои  500 таҳқиқи мудохилаӣ дар заминаи корона бар асоси оморҳои ҷаҳонӣ, гуфт: Дар Эрон 250 таҳқиқи мухталиф дар заминаи корона дар дасти анҷом аст, ки 25 тарҳи мудохилаӣ ба думболи кашфи равиши саҳеҳи дармон, дору ё ваксинаи ин беморӣ аст.