Май 04, 2020 14:28 Asia/Dushanbe
  • Содироти тестҳои эронии ташхиси коронавирус ба Олмон ва Туркия ба зудӣ

Муовини илмӣ ва технологии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз содироти тестҳои эронии ташхиси коронавирус ба кишварҳои Олмон ва Туркия дар ояндаи наздик хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНО, Сурино Сатторӣ ҳамчунин гуфт: Ҳам акнун тестҳои срологияи ташхиси коронавирус, ки ширкатҳои донишбунёни эронӣ тавлид кардаанд, иҷозатномаи лозим барои содиротро аз Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ дарёфт кардааст.

Сатторӣ тасреҳ кард: Эрон дар тавлиди тестҳои срология ба худкифоӣ расидааст ва дар мизони содирот низ ҳеҷгуна маҳдудияте надорад.

Ҷалили Куҳпоязода, раиси Донишгоҳи улумпизишкии Эрон низ гуфт: Ҳам акнун намунаҳои аввалияи 15 маҳсули фановарона дар заминаи коронавирус шомили дору ва таҷҳизоти ташхисӣ ва бемористонӣ, тарроҳӣ шудааст.

Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афроди дар тамос бо беморон, ҷудосозии беморон (карантин) ва дармони афроди мубтало ба коронавирус  бо ҳамроҳии мардум дар ҳоли иҷро аст ва дар натиҷаи ин иқдомот, мавориди ибтило ба КОВИД-19 дар Эрон коҳиш ёфтааст.

 

Барчасп