Май 06, 2020 18:43 Asia/Dushanbe
  • Даври нави ройзанӣ ва машваратҳои сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманистон

Даври нави ройзанӣ ва машваратҳои сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманистон баргузор шуд.

Нишасти ройзанӣ ва машваратҳои сиёсӣ миёни муовинини вазирони умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманистон ба сурати видеоконфронс анҷом шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯи Вазорати умури хориҷа дар ин ҷаласа, ки ба раёсати Саидаббоси Ироқчӣ- муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон ва Вафо Ҳоҷиев- муовини Вазорати умури хориҷаи Туркманистон баргузор шуд, охирин вазъияти ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, консулӣ ва низ масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ мавриди баҳс ва табодули назар қарор гирифт. Тарафайн бо ёдоварии аҳамияти равобити ду кишвари дӯст ва ҳамҷавор, бар лузуми ҳамкории муштарак ва гирифтани тадбирҳои оҷил барои бартараф сохтани монеаҳо ва мушкилоти ҳосил аз буҳрони корона таъкид карданд.

Бозгушоии марзҳои райлӣ ва ҷодаӣ бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ, ҳамкорӣ барои муқобила бо асароти иқтисодии буҳрони ҷаҳонии корона, аз саргирии ҷаласоти тахассусӣ миёни дастгоҳҳои мухталифи иқтисодии ду кишвар бо равиши видеоконфронс, аз саргирии мубодилоти тиҷорӣ, рафъи мушкилоти транзитӣ аз  мавориди муҳими тафоҳумоти ду тараф дар ин нишаст буд.

Масоили минтақаӣ аз ҷумла таҳаввулот дар Афғонистон ва низ амнияти минтақа аз дигар мавориди матраҳшуда дар ин дидор буд.