Беҳбуди ҳудуди 83 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i53430-Беҳбуди_ҳудуди_83_ҳазор_нафар_аз_мубталоён_ба_вируси_корона_дар_Эрон
Раиси маркази равобити умумии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, то кунун 82 ҳазору 744 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 07, 2020 13:47 Asia/Dushanbe
  • Беҳбуди ҳудуди 83 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон

Раиси маркази равобити умумии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, то кунун 82 ҳазору 744 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи панҷшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар бо баёни ин ки дар 24 соати гузашта ҳазору 485 бемори ҷадид шиносоӣ шудааст, афзуд, то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 103 ҳазору 135 нафар дар Эрон ба вируси корона мубтало шудааст. Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 68 нафар дар 24 соати гузашта гуфт, фавти ношӣ аз вируси корона дар Эрон ба 6 ҳазору 486 нафар расидааст.

Раиси маркази равобити умумии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо баёни ин ки то кунун ҳудуди 545 ҳазор озмоиши ташхиси КОВИД-19 дар кишвар анҷом шудааст, афзуд, ду савуми мавориди шиносоишудаи ҷадид аз ҷумлаи афроди наздик ба бемор ё хонаводаҳои онҳо буданд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 3 миллиону 830 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 265 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди як миллиону 310 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.