Май 12, 2020 08:22 Asia/Dushanbe
  • Барқарории парвози чартер аз Машҳад ба мақсади Душанбе

Аввалин парвози чартерӣ аз Машҳад ба мақсади Душанбе барқарор мешавад.

Ин парвози чартер аввалин барномаи парвозӣ баъд аз шуйюи коронавирус ва бекор кардани парвозҳо байни ду кишвари Тоҷикистон ва Эрон аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Фурудгоҳи шаҳид Ҳошиминажоди Машҳад, қарор аст бо ин парвоз, ки бо як ҳавопаймои модели 737 мутааллиқ ба ширкати Вориш анҷом мешавад теъдоде аз шаҳрвандони тоҷик ба Тоҷикистон мунтақил шаванд.

Бо ин парвоз таҷҳизоти пизишкӣ низ ирсол мешавад.

Ҳамчунин то кунун тасмим гирифта шуда, ки парвози шумораи 6802 ба мақсади Душанбе, сешанбе 12 май соати 14:45 дақиқа барқарор шавад.