Май 13, 2020 11:27 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими шаби қадр бо риояти дастурҳои беҳдоштӣ

Дар шаби нуздаҳуми моҳи мубораки рамазон мардуми саро сари Эрон бо риояти дастурҳои беҳдоштӣ, дар маконҳои мазҳабӣ маросими шаби қадрро баргузор карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мардуми муъмини Эрон имсол ба далели шуюи вируси Корона бо риояти дастурҳои беҳдоштӣ ва фосилагирии иҷтимоӣ дар масҷидҳо ва дигар маконҳои мазҳабӣ оини шаби қадрро баҷо оварданд.

Дар шаби нуздаҳуми моҳи мубораки рамазон масҷидҳо ба мудати ду соат барои иҷроии маросими шаби қадр боз буданд ва вуруди афроди бе ниқоб ва дасткаш мамнуъ буд.

Ҳамчунин ширкат кунандагон дар маросими шаби қадр бояд Қурон ва ҷойнамози шахсӣ ҳамроҳ медоштанд.

Эҳтимоли ин,ки яке аз шабҳои нуздаҳум ,бисту якум ва бисту севвуми моҳи мубораки рамазон шаби қадр бошад беш аз бақияи шабҳои ин моҳ аст ва мардум дар саросари Эрон дар ин се шаб дар хонаҳо ва маконҳои мазҳабӣ ба дуо ва қироати Қурон машғул мешаванд.

Шаби нуздаҳуми рамазон ҳамчунин шаби зарба хурдани ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб ( а) аст.

Саҳаргоҳи нуздауми моҳи рамазон , Ибни Мулҷами Муродӣ аз гуруҳи хавориҷ дар ҳоле ,ки имом Алӣ (а) дар ҳоли иқомаи намози субҳ буданд, шамшери заҳролуди худро бар фарқи эшон фуруд овард.

Ҳазрати Алӣ (а) пас аз зарба хурдан, дар хона бистарӣ ва ду рӯз баъд дар рӯзи бисту якуми моҳи мубораки рамазон шаҳид шуданд.