Май 14, 2020 11:08 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус, намоиши рафтори террористии Амрико зидди миллати Эрон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Амрико ҳамеша террорист буда, аммо то ин ҳад бесобиқа аст, ки ҳатто дар замони бемории ҳамагири коронавирус, барои вуруди дору ба Эрон мушкил эҷод кунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат дар вокуниш ба мавзеъҳои ахири зиддиэронии давлатмардони амрикоӣ изҳор кард: Як ҷамъи ноошно дар Кохи Сафед ҳастанд ва вазири умури хориҷаи режими Амрико алифбои сиёсатро нахондааст.

Ҳамзамон бо шуйюи ҷаҳонии бемории коронавирус, иддаои дурӯғи давлатмардони амрикоӣ бар асоси ин ки вуруди дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ба Эрон таҳрим нест, ошкор шуд. Сокинони Кохи Сафед дар даврони коронавирус ҳамвора бо таъкид бар иҷрои сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ зидди миллат Эрон, дар баробари расонаҳо муддаӣ шуданд, масири содироти дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ба Эрон масдуд нест.

Ин иддаоҳо дар ҳоле баён шудааст, ки канали иддаоии Амрико барои анҷоми муодилоти колоҳои башардӯстона аз ҷумла дору ва дигар ниёзҳои пизишкӣ бо Эрон амалан коромад набудааст.

Дар ҳамин чорчуб, давлати Швейтсария ахиран эътироф кард, канали молии иддаоии Амрико барои воридоти дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ба Эрон натиҷаи хоссе надошта ва ҳеҷ табодули хоссе бо ин канал анҷом нашудааст.

Воқеият ин аст, ки таърафа ва эҷоди канали молӣ барои  муомилоти колоҳои башардӯстона бо Эрон амалан қобили дастрасӣ нест, чаро, ки муассисоти молӣ нигарони иқдомоти танбеҳии Амрико ба сабаби риоят накардани таҳримҳои фаросарзаминии ин кишвар ҳастанд.

Исрори давлати Амрико бар идомаи таҳримҳо ва фишори ҳаддиаксарии зидди миллати Эрон, на фақат ғайриахлоқӣ ва хилофи усули аввалияи ҳуқуқи башарӣ аст, балки зиндагии бисёре аз мардуми оддӣ ва бегуноҳро дар Эрон ба хатар андохтааст.

Бо ин вуҷуд, агар чи вируси таҳрими Амрико ва коронавирус зарфиятҳои пизишкии Эронро барои мубориза бо ин вируси ҷаҳонӣ маҳдуд кард, аммо басиҷи ҳамагонӣ ва бакоргирии ҳамаи тавони ширкатҳои донишбунён, Эрон ниёзҳои аслии пизишкии худро дар баробари коронавирус таъмин карда ва акнун ба марҳилаи содирот ҳам расидааст.

Мудирияти бемории коронавирус дар Эрон бо вуҷуди таҳримҳои золимонаи Амрико бори дигар ба ҷаҳониён нишон дод, сиёсати фишори ҳаддиаксарии Амрико ва инзивои дипломатики Эрон амалан шикаст хурдааст ва камтар режимҳое дар ҷаҳон бо ин сиёсати Вашингтон ҳамроҳ шуданд.

Дар ҳамин замина, пойгоҳи хабарӣ- таҳлилии Бломберг рӯзи чаҳоршанбе дар гузорише дар бораи талошҳои бевақфаи Амрико зидди Эрон навишт: Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико натавонистааст хориҷ аз чархаи имзокунандагони БАРҶОМ ҳам кишвареро бо Вашингтон ҳамроҳ кунад ва кишварҳо бо истидлоли Амрико зидди Эрон ҳамроҳӣ накарданд.

Нокомии сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ ва таҳримҳои Амрико зидди Эрон, ин рӯзҳо давлатмардони амрикоиро ба мавзеъҳое ғайрдипломатик водор кардааст, ки нишон аз авҷи рафтори террористии онон зидди миллати Эрон дар замони мубориза бо коронавирус дорад.

 

Барчасп