Эрони исломӣ дар азои шаҳодати мавлои муттақиён ҳазрати Алӣ (а)
(last modified Fri, 15 May 2020 11:18:48 GMT )
Май 15, 2020 16:18 Asia/Dushanbe
  • Эрони исломӣ дар азои шаҳодати мавлои муттақиён ҳазрати Алӣ (а)

Саросари Эрони исломӣ дар солрӯзи шаҳодати мавлои муттақиён - ҳазрати Алӣ (а) дар ҳузну андӯҳ аст.

Имрӯз, ҷумъа дар Эрон 21-уми Рамазон ва солрӯзи шаҳодати ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (а) аст.

Мардуми муъмин ва худоҷӯи саросари Эрони исломӣ имрӯз бо ҳузур дар ойинҳои мухталифи азодорӣ, дар сӯги шаҳодати ҳазрати Алӣ (а) ашки мотам рехтанд.

Панҷшанбешаб низ эрониён дар шаби шаҳодати ҳазрати Алӣ (а), мардуми Эрони исломӣ дар сӯги мавлои муттақиён азодорӣ карданд.

Саҳаргоҳи нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазони соли чиҳилуми ҳиҷрии қамарӣ, Ибни Мулҷами Муродӣ аз гурӯҳи хавориҷ, дар ҳоле, ки ҳазрати Имом Алӣ (а), пешвои мусалмонони ҷаҳон дар ҳоли иқомаи намози субҳ буданд, шамшери заҳрогини худро бар фарқи мубораки эшон фуруд овард.

Ҳазрати Имом Алӣ (а) пас аз зарбат хӯрдан, дар хона бистарӣ ва ду рӯз баъд, яъне дар бистуякуми моҳи мубораки Рамазон шаҳид шуданд.

Дишаб ҳамчунин ойини эҳёи дувумин шаб аз шаб‎ҳое, ки гумон меравад шаби пурфазилати Қадр бошад, бо дар назар гирифтани протоколҳои беҳдоштӣ барои ҷилавгирӣ аз шуюъи вируси куруно, дар саросари Эрон баргузор шуд.

Шаби Қадр - шабе аст, ки дар ҳамаи сол шабе ба фазилати он намерасад ва амал дар он беҳтар аз амал дар ҳазор моҳ аст ва дар он тақдири соли инсон рақам мехурад.