Рӯзи бузургдошти Хайёми Нишобурӣ гиромӣ бод
(last modified Sun, 17 May 2020 06:10:54 GMT )
Май 17, 2020 11:10 Asia/Dushanbe

Имрӯз 28 урдибиҳишт баробар бо 17 май дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи бузургдошти ҳаким Умари Хайёми Нишобурӣ ном гирифтааст.

Ғиёсиддин Абулфатҳи Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишобурӣ рӯзи 28 урдибиҳишти соли 427 ҳиҷрии хуршедӣ дар Нишобур ба дунё омад.

Хайём файласуф, риёзидон, ситорашинос ва рубоисарои бузурги эронӣ дар давраи салҷуқӣ аст.

Гар чи пойгоҳи илмии Хайём бартар аз ҷойгоҳи адабии ӯст ва лақабаш Ҳуҷҷатулҳақ будааст, аммо Хайёмро рубоиёти ӯ, ки ба бештари забонҳои зинда тарҷума шуда дар ҷаҳон пуровоза кардааст.

Яке аз барҷастатарин корҳои ҳаким Хайёми Нишобурӣ  сарусомон додан ва сарпарастии муҳосиботи гоҳшумории Эрон дар замони Вазорати хоҷа Низомулмулк дар давраи подшоҳии Маликшоҳи Салҷуқӣ (426–490 ҳиҷрии қамарӣ) аст.

Муҳосиботи мансуб ба Хайём дар ин замина ҳануз муътабар аст ва диққати ба маротиб болотар аз гоҳшумори мелодӣ дорад.

Хайём дар соли 510 ҳиҷрии хуршедӣ дар зодгоҳаш Нишобур даргузашт.