Рӯнамоии маҷозӣ аз бузургтарин Қуръони хатии ҷаҳон дар Эрон
Бузургтарин Қуръони хатӣ ва дастнависи ҷаҳон маъруф ба Қуръони Бойсунғурӣ дар ганҷинаи Разавӣ ҳарами муттаҳари имом Ризо (а) дар шаҳри Машҳади Эрон ба сурати маҷозӣ рӯнамоӣ шуд.
Ба нақл аз сомонаи ИРНА , Маҳдии Қайсаринек муовини музейҳо ва тарвиҷи мироси фарҳангии Созмони китобхонаҳо , музейҳо ва маркази асноди Остони Қудси Разавӣ дар шаҳри Машҳад гуфт ; ин Қуръон бинобар бархе ривоятҳо ба дасти Бойсанғур Мирзо писари Шоҳрух Темурӣ ва Гавҳаршодхотун навишта шудааст.
Қайсаринек афзуд ; бо таваҷуҳ ба таътилии музейи ҳарами Разавӣ ба далели Корона , Қуръони Бойсанғурӣ ба сурати маҷозӣ дар пуртоли китобхонаи диҷитоли Остони Қудси Разавӣ ба адреси digital.aqr.ir ва ҳамчунин даргоҳи Интернетии музейи Остони Қудси Разавӣ ба адреси museum.razavi.ir рӯнамоӣ ва муарифӣ шуд.
Қуръони Бойсунғурие ,ки бузургтарин Қуръони хатии давраи исломӣ аст дар абъоди 101 дар 177 сантиметр дар қарни нуҳуми ҳиҷрии қамари китобат шуда ва аз ҷиҳати навъи хат ( хати муҳақақ ) ; устуворӣ , вузуҳ , рушанӣ ва салобати хат ; Донг қалам ( ҷалӣ ) ; андоза ва кайфияти коғаз, яке аз осори бисёр нафиси хушнависӣ дар тамадуни исломӣ ба шумор меравад.
Бойсунғур Мирзо набераи Темури ланг , писари Шоҳрух Темури ва бону Гуҳаршодхотун ва бародари Иброҳим Султон, аз хушнависони маъруфи қарни нуҳи ҳиҷрии қамари ва аз шогирдони Шамс Босунғурӣ, ҳунарманд ва ҳунарпарвари давраи Темурӣ аст ,ки дар китобат хати муҳақақи устод будааст.