Ошиқон идатон муборак бод!
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i53924-Ошиқон_идатон_муборак_бод!
Дар Эрон, Тоҷикистон ва бисёре дигар аз кишварҳои ҷаҳон якшанбе аввали моҳи шаволи соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ ва 24 май, иди саиди Фитр аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 23, 2020 16:50 Asia/Dushanbe

Дар Эрон, Тоҷикистон ва бисёре дигар аз кишварҳои ҷаҳон якшанбе аввали моҳи шаволи соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ ва 24 май, иди саиди Фитр аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар фарҳанги исломӣ, нахустин рӯзи моҳи шаввол рӯзи иди Фитр ва ҷашни бозгашт ба фитрат аст, зеро мусулмонони рӯза‎дор дар тули моҳи мубораки Рамазон бо ибодати Худованд ва истиғфор аз гуноҳон, олудаги‎ҳои зоҳирӣ ва ботиниро аз руҳ ва ҷони худ зудудаанд ва ба фитрати воқеии хеш баргаштаанд.

Имсол ба далели густариши коронавирус  дар Тоҷикистон ва бархе кишварҳои дигар намози иди саиди Фитр баргузор намешавад.

Дар Эрон бино бар эъломи Ситоди миллии муқобила бо коронавирус, дар шаҳрҳое, ки вазъияти он сафед ва камхатар ташхис дода шудааст намози иди Фитр баргузор хоҳад шуд.