Бозкушоии ҳарами муттаҳари Имом Ризо (а) ва ҳазрати Маъсума (с)
Пас аз 70 рӯзи таътилӣ ба манзури ҷулугирӣ аз густариши вируси корона, бомдоди душанбе ҳарамҳои муттаҳари Имом Ризо (а) дар Машҳад ва хоҳари эшон Ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) дар Қум, бозкушоӣ шуд.
Ба густариши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳарамҳои муттаҳари Имом Ризо (а) ва Ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) ки ҳамзамон бо шуюи вируси корона дар Эрон барои назорати ин беморӣ ба сурати муваққат баста шуда буд, аз рӯзи душанбе як соат баъд аз тулӯи хуршед то як соат қабл аз ғуруби офтоб, пазироии зоирон аст.
Ин бозкушоӣ бар асоси масубаи ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон иҷро шуд.
Зиёрат ва ҳузур дар ин маконҳои муқаддас бо риояти муқаррарот ва протоколҳои беҳдоштӣ ҳамроҳ шудааст.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ рӯзи шанбе дар ҷаласаи ситоди миллии муқобила бо корона гуфт Эрон вориди марҳилаи маҳори корона шудааст.