Тавофуқи Эрон ва Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз гузари ғайриқонунӣ аз марз
(last modified 2020-05-27T11:03:24+00:00 )
Май 27, 2020 16:03 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрон ва Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз гузари ғайриқонунӣ аз марз

Муовини ҳуқуқии Вазорати умури хориҷаи Эрон аз тавофуқ бо давлати Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон ва гузари ғайриқонунӣ аз марз хабар дод.

Муҳсини Баҳорванд, муовини ҳуқуқии Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар поёни сафари дурӯзааш ба Афғонистон, дар гуфтугӯ бо Хабаргузории Садо ва симои Эрон гуфт, бар асоси тавофуқи Эрон ва Афғонистон, ҳар гуна омадурафт байни ду кишвар бояд бар асоси раванди қонунӣ анҷом шавад ва касоне, ки барои кор ё мусофират озими Эрон мешаванд, бояд аз роҳҳои қонунӣ иқдом кунанд.

Вай афзуд, давлати Афғонистон пазируфтааст, посгоҳҳои марзии худро фаъол кунад ва дар заминаи ҷилавгирӣ аз рафтуомадҳои ғайриқонунӣ нақш бештаре дошта бошад.

Ҳайати эъзомии Вазорати умури хориҷаи Эрон ба Кобул рӯзи сешанбе бо Ҳаниф Атмар, сарпарасти Вазорати умури хориҷа ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дидору гуфтугӯ кард.

Муовини ҳуқуқии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар дидор бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо маҳкум кардани ҳодисаи ба рӯдхона андохтани атбои афғон, бар ҷиддӣ будани Эрон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи таҳқиқ ва расидагӣ ба ин мавзуъ таъкид кард.

Дар пайи интишори видеое, ки дар он иддао мешуд марзбонони эронӣ теъдоде аз атбои афғонро дар рӯдхонаи марзии Ҳарирӯд андохтаанд, марзбонии нерӯи интизомии ҷумҳурии исломӣ пас аз баррасии мавзуъ, ин иддаоро рад кард.

Дар ҳамин ҳол, Ҳаниф Атмар дар дидор бо ҳайати эронӣ аз кумакҳои пизишкии Эрон ба Афғонистон барои муқобила бо вируси корона қадрдонӣ кард.