Май 28, 2020 12:11 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Венесуела ; ирсоли нефткашҳо посухе ба сиёсатҳои якҷонибаи Амрико

Сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Венесуела гуфт ; паҳлу гирифтани нефткашҳои эронӣ дар обҳои Венесуела посухи муҳкам ба сиёсатҳои якҷонибаи Амрико маҳсуб мешавад.

Ба гузориши радиои бурнмарзии Садои Хуросон , Ҳуҷатуллоҳ Султонӣ сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Венесуела афзуд ; Венесуела ва Эрон ба ниёбат аз ҷаҳон ба Вашингтон на гуфтанд ва бар ҳақи худ дар заминаи тиҷорати озод таъкид карданд.

Султонт гуфт ; Амрико дигар наметавонад ба кишварҳои ҷаҳон бигуяд ,ки чӣ кунанд ва бисёри кишварҳо аз ин пас нисбат ба ҳуқуқашон мутолибагарӣ хоҳанд дошт.

Вай бо ишора ба ҳузури киштиҳои эронӣ дар Венесуела гуфт ; ҳузури нефткашҳои эронӣ дар Венесуела танҳо як дастовард барои Эрон ва Венесуела нест балки дастоварде барои ҳамаи ҷаҳониён аст.

Султонӣ , аз омодагии комили Эрон барои кумак ба Венесуела дар ҳар заминае ,ки ин кишвар ниёз дошта бошад хабар дод.

Алорағми таҳдиди мақомҳои амрикоӣ бинобар ин ,ки аз вуруди нефткашҳои Эрон ба Венесуела мумониат ба амал нахоҳанд овард, ду нефткаши эронӣ таи рӯзҳои гузашта дар бандарҳои Венесуела паҳлу гирифтанд ва машғули таҳвили маҳмулаи сухтии худ ҳастанд.

Панҷ кишти ба номҳои Фурчун , Форсет , Фоксун, Патуниё ва Каловал ҳомили сухт аз Эрон роҳии Венесуела шуд.