Июн 01, 2020 17:14 Asia/Dushanbe
  • Суханронии телевизионии Раҳбари Муаззами Инқилоб дар солрӯзи Имом Хумайнӣ (р.а)

Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи чаҳоршанбе (саввуми июн) ба муносибати сию якумин солгарди реҳлати Ҳазрат Имом Хумайнӣ (р.а), дар як суханронии зиндаи телевизионӣ бо миллати Эрон сухан хоҳад гуфт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақли  дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ, баёноти Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ соати 11 рӯзи чаҳоршанбе ба вақти Теҳрон, аз сайти инстагармм ва Твиттер KHAMENEI.IR ва шабакаҳои садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сурати зинда пахш хоҳад шуд.

Маросими солгарди реҳлати бунёнгузори кабири Инқилоби Исломӣ, ки ҳар сол бо суханронии Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ дар Ҳарами муттаҳари Имом Хумайнӣ (р.а) баргузор мешуд, бо таваҷҷуҳ ба дастурамалҳои беҳдоштии ситоди миллии мубориза ба корона мабнӣ бар адами баргузории таҷаммуот, имсол дар Ҳарами муттаҳар баргузор намешавад.

Чаҳоршанбе, чаҳордаҳуми хурдод 1399 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо саввуми июн мусодиф бо сиюякумин солгарди иртиҳоли Ҳазрат Имом Хумайнӣ  (р.а) аст.