Имом Хумайнӣ (раҳ) - парчамдори ваҳдати исломӣ дар саросари ҷаҳон
Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эронро парчамдори ваҳдати исломӣ дар саросари ҷаҳон донист.
Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ рӯзи сешанбе дар баёнияе ба муносибати сивуякумин солгарди иртиҳоли ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Имом Хумайнӣ (раҳ) зарурати ваҳдатро пояи тамаддуни навини исломӣ медонистанд ва ин басиратро дар асри пурчолиши таҷаддуд дар миёни мусулмонон тарвиҷ мекарданд.
Дар ин баёния бо таъкид бар ин ки имони имом Хумайнӣ (раҳ) ба ваҳдатро ҳама бовар доштанд, омадааст: Мардуми ҷаҳон хотираи фарёдҳои ваҳдатофарини эшон, солҳо пеш аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон барои ҳимоят аз Фаластин ва муқобила бо Исроили ғосибро дар ёд доранд.
Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ бо ишора ба ин ки уммати исломӣ чанд даҳа пас аз имом Хумайнӣ (раҳ) эҳсоси ниёзи амиқтаре ба ваҳдати исломӣ ёфтааст, таъкид кард: Ҳар чӣ замон мегузарад, мусулмонон бештар ба аҳамияти имом Хумайнӣ (раҳ) пай мебаранд ва умқи андешаҳои эшонро бештар мефаҳманд ва имоми роҳилро парчамдори ваҳдати исломӣ медонанд.