Июн 04, 2020 19:25 Asia/Dushanbe
  • Панҷ донишгоҳи Эрон дар байни донишгоҳҳои бартари Осиё қарор гирифт

Сарпарасти пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом гуфт: Пойгоҳи рутбабандии "Таймз", феҳристи донишгоҳҳои бартари Осиёро дар соли 2020-и мелодӣ мунташир кард, ки бар ин асос, 5 Донишгоҳ аз Ҷумҳурии исломии Эрон, дар миёни 100 донишгоҳҳои бартари Осиё қарор гирифт.

Муҳаммадҷаводи Деҳқонӣ, сарпарасти пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом афзуд:

Дрнишгоҳҳои Санъатии Нӯширавони Бобул, Донишоггоҳи Санъати Шариф, Донишгоҳи санъатии Амир Кабир, Донишгоҳи улум ва санъати Эрон ва Донишгоҳи Ёсуҷ, панҷ донишгоҳи эронӣ ҳастанд, ки дар миёни 100 донишгоҳи бартари Осиё қарор доранд.

Аз 27 кишвари осиёии исломӣ, донишгоҳҳои 16 кишвар дар рутбабандии осиёии "Таймз - 2020" ҳузур доранд.

 

 

 

Барчасп