Тадовуми фаъолиятҳои ростиозмоии Агентии энергияи атомӣ дар Эрон
Намояндаи доими Эрон назди Созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена эълом кард, гузориши ҷадиди Агентии байналмилалии энергияи атомӣ дар хусуси БарҶом, ҳокӣ аз тадовуми фаъолиятҳои ростиозмоии ин агентӣ будааст.
Козими Ғарибободӣ гуфт: Дар ин гузориш ба таҳаввулоти фаннии ҳастаии ҷадид, аз ҷумла убури тавлиди оби сангини Эрон аз марзи 130 тонна ва истифода аз мошинҳои ҷадид дар Эрон, аз ҷумла ғанисозӣ бо мошинҳои "IR 4", "IR 5", "IR 6", "IR S", "IR 2 M" дар хутути таҳқиқ ва тавсиа ишора шудааст.
Ғарибободӣ ҳамчунин бо ишора ба иҷрои фаъолиятҳои ростиозмоии БарҶом дар Эрон, тавассути Агентии байналмилалии энергияи атомӣ изҳор дошт, агентӣ дар ин гузориш бар "тадовуми иҷрои муваққат ва довталабонаи протоколи илҳоқӣ аз сӯи Эрон ва идомаи ротстиозмоӣ, изҳорномаҳои пртокол тавассути агентӣ; "ҳамкории муносиби Эрон" ва низ тадовуми ростиозмоӣ адами инҳирофи маводи ҳастаӣ изҳоршуда дар Эрон аз сӯи агентӣ таъкид кардааст.