Амрико бо истинод ба Қатъномаи 2231 ҳаққе надорад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i54270-Амрико_бо_истинод_ба_Қатъномаи_2231_ҳаққе_надорад
Намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид, изҳороти ҳамтои амрикоии худро нодуруст хонд ва гуфт: Амрико бо истинод ба Қатъномаи 2231-и Шурои амният ҳаққи оғози ҳеҷ кореро надорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 07, 2020 05:59 Asia/Dushanbe
  • Амрико бо истинод ба Қатъномаи 2231 ҳаққе надорад

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид, изҳороти ҳамтои амрикоии худро нодуруст хонд ва гуфт: Амрико бо истинод ба Қатъномаи 2231-и Шурои амният ҳаққи оғози ҳеҷ кореро надорад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Маҷиди Тахти Равончӣ дар ёддошти твиттерии худ навишт: Сафири Амрико дар Созмони Миллали Муттаҳид муътақид аст Иёлоти Муттаҳида аз ҳаққи истифода аз механизми моша барои бозгардондани таҳримҳо таҳти ҳимояти Қатъномаи 2231-и Шурои амният, бархурдор аст.

Равончӣ таъкид кард: Ин иштибоҳ аст; Амрико аз замоне, ки Доналд Трамп мушорикати Иёлоти Муттаҳида дар БАРҶОМ-ро мутаваққиф кард, наметавонад ширкаткунандаи ин тавофуқ бошад.

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид тасреҳ кард: Иёлоти Муттаҳида, ки поймолкунандаи қатънома аст, ҳақ надорад ҳеҷ кореро таҳти Қатъномаи 2231-и Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид, оғоз кунад.

Келли Крафт- намояндаи доими Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид ҷумъаи гузашта дар як нишасти хабарӣ муддаӣ шуд ҳар касе матни Қатъномаи 2231-ро бихонад метавонад бифаҳмад, ки Амрико ҳаққи истифода аз механизми мошаро барои тамдиди мамнуъияти таслиҳотии Эрон дорад.

Давлати Амрико дар рӯзҳои ахир қатъномаеро миёни шуморе аз аъзои Шурои амният тавзеъ карда, ки хостори тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Созмони Миллали Муттаҳид алайҳи Эрон аст. Бо ин ҳол, тасвиби ин қатънома манут ба мувофиқати 9 узви Шурои амният ва вато нашудан аз сӯи Русия ва Чин аст.

Амрико бо вуҷуди онки ду соли пеш расман ва бидуни таваҷҷуҳ ба Қатъномаи 2231-и  Шурои амният аз БАРҶОМ хориҷ шуда, дар тафсири ҳуқуқии ҷадид муддаӣ аст, ки бар асоси мафодди ин қатънома ҳамчунон яке аз мушорикаткунандагон дар БАРҶОМ аст ва дар ин чорчуб ҳақ дорад, ки аз созу корҳои матраҳ дар ин тавофуқ аз ҷумла механизми моша истифода кунад.

Мамнуитҳои марбут ба фуруши таслиҳот ба Эрон ба муҷиби мафодди Қатъномаи 2231-и Шурои амният рӯзи 18 октябри 2020 бардошта хоҳад шуд.