Июн 07, 2020 17:17 Asia/Dushanbe
  • Эрон бузургтарин тавлидкунандаи маводи аввалияи дору дар ғарби Осиё мешавад

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, Эрон дар ояндаи наздик, бузургтарин тавлидкунандаи маводи аввалияи дору дар ғарби Осиё мешавад.

Ба нақл аз ИРНА, Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, рӯзи якшанбе, дар маросими ифтитоҳи авваллини шаҳраки тавлиди маводи аввалияи ғарби Осиё дар шаҳри Арок, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд афзуд:

Бо вуҷуди тавлиди арзони маводи петрошимӣ дар Эрон, зарфияти бузурге дар тавлиди маводи авалияи доруӣ дар кишвар вуҷуд дорад.

Намакӣ гуфт: Ифтихори таърихии бузург барои Эрон ин аст, ки ҳамзамон бо таҳримҳо, аз воридкунандаи таҷҳизоти мавриди ниёз, мисли маводи зиддиуфунӣ, ниқоби муҳофизатӣ ва дастгоҳи танаффусии маснӯӣ (вентилятор), ба содиркунандаи ин таҷҳизот табдил шуд.