Июн 09, 2020 16:33 Asia/Dushanbe

Сухангӯи қувваи қазияи Эрон аз содир шудани ҳукми эъдом барои ҷосуси Созмони иттилооти марказии Амрико (ЦРУ) ва созмони ҷосуси режими саҳюнистӣ (Моссад) хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ғуломҳусейн Исмоилӣ сухангӯи қувваи қазияи Эрон рӯзи сешанбе  дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт: бо иқдом ва ҳушёрии неруҳои амниятии Эрон яке аз ҷосусони созмонҳои ЦРУ ва Моссад дар Эрон ба исми Саидмуҳаммад Мусавии Маҷид дастгир шуд.

Исмоилӣ афзуд: ин ҷосус дар қиболи дарёфти доллар дар ҳавзаҳои мухталифи амниятӣ ба хусус дар ҳавзаи неруҳои мусаллаҳи Эрон ва неруи Қудси сипоҳи посдорон Инқилоби исломии ҷосусӣ мекард ва маҳалҳои истиқрор ва тараддуди (омаду шуд) шаҳид сарлашкар Қосим Сулаймониро дар ихтиёри душман қарор дода буд.

Ба сухангӯи қувваи қазияи Эрон, Саид Муҳаммад Мусавии Маҷид ҷосуси ЦРУ ва Моссад бо ҳукми додгоҳи инқилоб ба эъдом маҳкум шуда ва шӯъбаи 19 девони олии Эрон ҳам ин ҳукмро таъйид кардааст.