Июн 10, 2020 14:22 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Амрико ба думболи тавтеа алайҳи Эрон аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба бекор кардани ҳамаи таҳримҳои таслиҳотӣ алайҳи Теҳрон дар октябри 2020 гуфт: Амрико аз бекор кардани ин таҳримҳо асабонӣ аст ва ба думболи тавтеа аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе  дар  ҷаласаи ҳайати давлати Эрон таъкид кард: Теҳрон интизор дорад аъзои Шурои амният ба далели манофеъ ва суботи ҷаҳон, ки дар тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ) мадди назари минтақа ва ҷаҳон будааст дар баробари тавтеаи Амрико биистанд.

Рӯҳонӣ гуфт: Амрикоиҳо бидонанд ва бифаҳманд, агар бархилофи Қатъномаи 2231 ба думболи тадвини қатънома алайҳи Теҳрон ва фиристодани он ба Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид бошанд, Ҷумҳурии Исломии Эрон тавонмандии дифоии худро дар ҳамаи шароит  боло  мебарад.

Вай ёдовар шуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шароити сахти таҳрим беҳтарин системҳои дифои ҳавоиро тарроҳӣ кард ва бо ҳамин системи дифоии бумӣ, дифои мутаҷовизи амрикоиро ҳадаф қарор дод.  

Раиси ҷумҳурии Эрон дар идома бо ишора ба хушунати ахири полиси Амрико, сиёсати «фишор ва гузоштани зону бар гулӯ»-ро сиёсати ҳамешагӣ ва қадимии давлатмардони Амрико донист ва гуфт: Онҳо дар тӯли таърих ҳаргоҳ  ҳар мазлумеро пайдо мекунанд бо зону бар гулӯи вай фишор меоваранд; ин равиш, фақат иқдоми як полис дар як шаҳр нест, балки асоси сиёсати амрикоиҳо аст.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо баёни инки тобоварии миллати Эрон дар муборизаи ҳамзамон бо корона ва таҳримҳои ғайриқонунии Амрико дар таърих сабт хоҳад шуд, таъкид кард: Миллати Эрон бо иттиҳод ва ваҳдати миллӣ, зонуи Амрикоро дар ҳам шикаст.

 

Барчасп