Рӯҳонӣ: Агар маҷбур шавем маҳдудиятҳоро бармегардонем
Раиси ҷумҳури Эрон бо ибрози нигаронӣ аз коҳиши риояти қоидаҳои беҳдоштӣ гуфт: Аагар саломати мардум ба хатар биафтад маҷбурем ҳамаи маҳдудиятҳоро бозгардонем.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбе дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо корона дар Теҳрон афзуд: Борҳо такрор кардем чун ин беморӣ ваксина ва доруи қатъӣ надорад, бино барин бояд протоколҳои беҳдоштиро риоят кунем.
Вай таъкид кард: Дар ҳамаи дунё ҳатто дар кишварҳои пешрафта кати бемористонӣ, утоқи муроқибатҳои вижа (ICU), пизишк ва ҳамшираи шафкат маҳдуд аст бино барин он маҳдудиятро бояд мадди назар қарор диҳем ва муқаррароти беҳдоштиро риоят кунем.
Раиси ҷумҳури Эрон гуфт: Аз Вазорати саноат, маъдан ва тиҷорат хостааст ниқоби тиббии порчаии қобили шустушӯй дар ихтиёри мардум қарор диҳад то ҳама битавонанд ба роҳатӣ аз ниқоби тиббӣ истифода кунанд.
Вай ҳамчунин таъкид кард: Давлат бояд хадамоти худро ба сурати электроник ироа диҳад ва мардум низ то ҳадди мумкин ба сафар нараванд.
Рӯҳонӣ ҳамчунин аз афзоиши содироти ғайринафтии Эрон дар рӯзҳои ахир ва афзоиши 12 дарсадии тавлид дар ду моҳаи аввали соли 1399 дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта бо вуҷуди буҳрони корона хабар дод ва гуфт Эрон тавонист буҳрони коронаро ба фурсат табдил кунад.