Июн 14, 2020 16:41 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раиси Парлумони Лаҳистон ба Қолибоф

Раиси Парлумони Лаҳистон дар паёме ба Муҳаммадбоқири Қолибоф, интихоби вайро ба унвони раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон табрик гуфт.

Элизабет Витек, раиси Парлумони Лаҳистон имрӯз якшанбе дар ин паём, зимни табрик ба Қолибоф, ибрози умедворӣ  кард, ки бо шикасти бӯҳрони коронавирус, равобити парлумонии ду кишвар ба ҳолати оддӣ бозгардад.

Раиси Парлумони Лаҳистон бо ишора ба ин, ки ҳамакнун дар ҷидол бо коронавирус аст афзуд, ки ҳама бояд бо рӯҳияи ваҳдати байналмилалӣ дар ин замина талош кунанд.

 

Барчасп