Июн 14, 2020 18:02 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии содироти коло аз бандари Хуррамшаҳри Эрон ба Кувейт

Мудири кулли бандар ва дарёнавардии Хуррамшаҳр, ҷануби ғарби Эрон гуфт, ки содироти коло аз ин бандар ба Кувейт, ки ба далели пешгирӣ аз хурӯҷи коронавирус аз сӯи ин кишвар мамнӯъ шуда буд, бо тағйир дар шеваи бастабандиҳо, аз сар гирифта мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Нуруллоҳ Асъадӣ, мудири кулли бандар ва дарёнавардии Хуррамшаҳри Эрон афзуд, ки дар паи мувофиқати бандарҳои Кувейт, бо вуруди шиноварҳои ҳомили колои содиротӣ, ин колоҳо пас аз тағйир дар шеваи бастабандӣ, аз бандари Хуррамшаҳр ба Кувейт боргирӣ шуд.

Асъадӣ тасреҳ кард: Анҷоми тағйири шеваи бастабандӣ ва содирот дар ростои коҳиши ҳалли ихтилофот байни соҳибони коло ва соҳибони шиноварҳо, коҳиши ҳазинаи хурӯҷ аз соҳилҳо ва дар ниҳоят, мунҷар ба коҳиши хатарпазирии эминӣ дар соҳилҳои бандари Хуррамшаҳр шуд.

Ҳафтаи гузашта низ нахустин маҳмулаи контейнерии шомили 200 тонна коло, бо риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ, аз бандари Ободони Эрон ба Кувейт содир шуд.

 

Барчасп