Иттиҳомзанӣ ба Эрон барои асоснок кардани ҳамалот ба Яман
Масъулони амрикоӣ ва арабистонӣ бо матраҳ кардани иддаои ҳимояти таслиҳотии Эрон аз гурӯҳҳои яманӣ мекӯшанд, таҷовузи гурӯҳи мавсум ба эътилофи арабиро ба мардуми мазлум Яман асоснок кунанд.
Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар вокуниш ба изҳороти масъулони Вазорати дифои Амрико, ки иддао кардаанд, мӯшаке, ки нерӯҳои Яман ба тозагӣ бо он киштии ҷангии Иморотро мунҳадим карданд, сохти Эрон аст, гуфт, иддаоҳои матраҳшуда ҷуз эътироф ба нотавонии ҳомиён ва омилони ҳамла ба Яману мардуми бепаноҳи ин кишвар маънои дигаре надорад.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, иддаои кӯмаки таслиҳотии Эрон ба нерӯҳои артишу мардуми Яман дар ҳоле матраҳ мешавад, ки дар қатли оми мардумذ Яман ва нест кардани зерсохторҳои ин кишвар аз ҳавопаймоҳо ва силоҳҳои амрикоӣ истифода мешавад ва ҳатто пас аз вуқӯи ҷиноёти ҷангию зиддибашарӣ дар Яман фурӯши силоҳҳои ғарбӣ ба Арабистону дигар кишварҳои арабӣ афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон бо иддаои масъулони Вазорати дифои Амрико дар бораи ҳимояи таслиҳотии Эрон аз муборизони яманӣ Аҳмад Асирӣ, сухангӯи арабистонии нерӯҳои ба истилоҳ эътилофи арабӣ ба раҳбарии Арабистон ҳам бо изҳороти мушобеҳ дар бораи кӯмаки таслиҳотии Эрон ба гурӯҳҳои Яман муддаӣ шуд, ҳадафи ҳамлаи эътилоф ба Яман ҷилавгирӣ аз табдили ин кишвар ба пойгоҳ барои Эрон аст. Ӯ, ки дар рӯзҳои нахусти таҷовуз ба Яман пешбинӣ карда буд, ҷанг бо артишу гурӯҳҳои яманӣ танҳо чанд рӯз тӯл хоҳад кашид, пас аз гузашти якуним сол аз таҷовуз ба Яман дар тозатарин изҳороташ ҳимоят аз гурӯҳҳои яманиро монеи пирӯзии эътилофи арабӣ дар ҳамла ба Яман донист.
Иддаои ирсоли силоҳ аз Эрон ба Яман дар ҳолест, ки осмони ин кишвар ва соҳилҳои он дар ҷанубу ғарб ба таври комил дар муҳосираи нерӯҳои эътилофи мутаҷовизон қарор дорад ва ин нерӯҳо ҳатто дар ирсоли кӯмакҳои инсондӯстона ба ин кишвар ҳам коршиканӣ мекунанд.
Масъулони низомии Амрико ва Арабистон пеш аз оғози таҳоҷум ба Яман борҳо эътироф карда буданд, ки нерӯҳои Яман ба анвои силоҳҳо, аз ҷумла садҳо навъи мӯшаку танкҳо муҷаҳҳаз ҳастанд ва асосан дар сурати ба коргирӣ аз ин силоҳҳо ниёзе ба дарёфти силоҳ надоранд. Ба ҳамин далел нерӯҳои эътилофи арабӣ, ки аз ҳимояти ҳамаҷонибаи Амрико бархурдоранд, дар моҳҳои ахир ҳар бор шикастеро дар набардҳои майдонӣ аз нерӯҳои мардумӣ ва артиши Яман мутаҳаммил мешаванд, бо матраҳ кардани нақшаҳои гумроҳкунанда, туҳматзанию фазосозиҳо ҷиҳати мудохилаи Эрон дар ҷанги Яман ба дунболи асоснок кардани идомаи ҷиноятҳои худ алайҳи мардуми Яман низ ҳастанд. Онҳо дар ин гуна фазосозиҳо авомили беруниро омили ин шикастҳои худ муаррифӣ мекунанд, ғофил аз ин ки далели ин шикастҳо рӯҳияи истиқлолталабии мардуми Яман аст. Мардуми Яман дар якуним соли гузашта собит карданд, ки бо вуҷуди ҳама фишорҳои низомӣ ва иқтисодӣ ба талоши худ барои хориҷ шудан аз султаи суннатии Арабистон тасмими ҷиддӣ гирифтаанд ва дар ин масир ҳеҷ қудратеро ёрои рӯёрӯӣ бо он нест.