Ҳушдори Сипоҳи инқилоби исломӣ ба шиноварҳои размоишии Арабистон дар Халиҷи Форс
(last modified Wed, 05 Oct 2016 13:49:04 GMT )
Октябр 05, 2016 18:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Сипоҳи инқилоби исломӣ ба шиноварҳои размоишии Арабистон дар Халиҷи Форс

Неруи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар баёнияе ба шиноварҳои ширкаткунанда дар размоиши Арабистони Саудӣ дар Халиҷи Форс ҳушдор дод, ки ба обҳои сарзаминии Эрон наздик нашаванд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин баёния омадааст: Неруи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эътиқод дорад, ин размоиш мисдоқи мушаххасе барои эҷоди нооромӣ ва кам кардани амнияти пойдор дар Халиҷи Форс аст.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кардааст: Аз ин рӯ убури ҳеҷ як аз шиноварҳои низомии ширкаткунанда дар ин размоиш аз обҳои сарзаминии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҷоз нест ва ин шиноварҳо ҳатто аз обҳои байналмилалии наздики обҳои сарзаминии Эрон низ набояд убур кунанд, зеро ин убур ба ҳеҷ ваҷҳ мисдоқи убури безарар нахоҳад буд.

Неруи дарёии Сипоҳи посдорони инқлоби исломӣ ва артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, барои таъмини амнияти пойдори Халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз дар омодагии комил ба сар мебаранд ва бо ҳар гуна ҳаракат, талош ва иқдом барои барҳам задани оромиш ва амнияти Халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз ва дарёи Уммон муқобилаи мутаносиб ва фаврӣ анҷом хоҳад дод.

Арабистони Саудӣ аз имрӯз размоиши дарёии мавсум ба "Сипари Халиҷ 1"-ро дар обҳои Халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз оғоз кардааст.

Баргузории размоиш дар обҳои Халиҷи Форс дар ҳолест, ки Арабистон ҳамчунон дар ботлоқи ҷанги Яман гирифтор аст.

Мудохила дар умури кишвари Баҳрайн, ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ ва мушкилоти дохилии ин кишвар, Арабистонро бар он доштааст, то бо ташдиди низомигарӣ чунин вонамуд кунад, ки аз иқтидори лозим бархурдор аст.