Тавқифи 2 фарванд киштии сайди санатии Трол тавассути неруи дарёии Сипоҳи Посдорон
Равобити умумии неруи дарёии Сипоҳи Посдорони Инқилоби исломӣ дар иттилоияе аз тавқифи 2 фарванд киштии сайди санатӣ Трол ( каф руб ) дар маҳдудаи обҳои Чобаҳор ва Кунорак , ҷунуб шарқи Эрон хабар дод.
Ба нақл аз Сипоҳ Нюз , равобити умумии неруи дарёии Сипоҳи Посдорон дар ин иттилоия хотирнишон кард , 2 фарванд киштии сайди санатии Тирол ,ки дар маҳдудаи обҳои минтақаи Чобаҳор ва Кунорак лангар андохта ва дар тахалуфи ошкор, дар сайдгоҳи моҳигирони бумӣ машғули сайди мамнуаи Трол буданд ; аз суи ягони дарёии имом Алӣ (а) надсо дар Чобаҳор тавқиф шуданд.
Тавқифи ин шиноварҳои сайди Тирол бо ашрофи иттилоотии басеҷи дарёӣ ва размандагони пойгоҳи дарёии имом Алӣ (а) ва дар паи эътирози сайёдони бумии минтақаи Кунорак ва Чобаҳор, бо ҳукми қазоии додситони Кунорак дар устони Систо Балучистони Эрон сурат гирифт.
Шиноварҳои тавқифшуда ,ки ҳомили беш аз 80 тон анвои моҳӣ буданд ,ки ба манзури анҷоми мароҳили қонунӣ ба лангаргоҳи дарёии имом Алӣ (а) неруи дарёии Сипоҳи Посдорон мунтақил шуданд.