Июн 19, 2020 17:12 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби қатъномаи зиддиэронӣ дар Шӯрои ҳуккоми Ожонси Байналмилалии энержии атомӣ

Бо вуҷуди мухолифати Чин ва Русия, қатъномаи тройкаи Аврупо алайҳи Эрон дар нишасти фаслии Шӯрои ҳуккоми Ожонси Байналмилалии энержии атомӣ тасвиб шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар қатъномае, ки рӯзи ҷумъа ба тасвиб расид, се кишвари аврупоии Британия, Олмон ва Фаронса бо ҳимояти Амрико аз Эрон хостаанд ба он чи ки “монеътарошӣ дар дастрасии бозрасони ожонс ба ду сайти ҳастаӣ” номидаанд, поён диҳад ва бо онҳо ба таври комил ҳамкорӣ кунад.

Дар раъйгирии имрӯз ду кишвари Чин ва Русия ба қатъномаи ишорашуда раъйи манфӣ ва ҳафт кишвар низ аз додани раъй худдорӣ карданд.

Козим Ғарибободӣ, намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена, дар вокуниш ба тасвиби ин қатънома гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон қатъномаи Шӯрои ҳуккомро комилан рад мекунад ва иқдоми муносибро дар вокуниш ба он анҷом хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати хориҷаи Фаронса дар баёнияе эълом кард, ки вазирони хориҷаи Фаронса, Олмон ва Британия имрӯз дар дидоре сеҷониба, дар бораи Эрон гуфтугӯ хоҳанд кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон панҷшанбешаб дар паёме твиттерӣ аз се кишвари аврупоӣ хост, пас аз он ки дар амал ба вазоифе, ки тибқи БарҶом ё тавофуқи ҳастаӣ доранд, шикаст хурданд, шарики ҷурми душманони БарҶом нашаванд.