Июн 19, 2020 18:16 Asia/Dushanbe
  • Кадом кишварҳо ба қатъномаи зиддиэронии Шӯрои ҳуккоми ожонс раъйи мусбат доданд?

Шӯрои ҳуккоми Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ рӯзи ҷумъа аввалин қатъномаи зиддиэронӣ аз соли 2012 то ҳолро ба баҳонаи ҳамкорӣ накардани Теҳрон бо таҳқиқоти ожонс, бо 25 раъйи мувофиқ, 2 раъй мухолиф ва 7 раъйи мумтанеъ (бетараф) тасвиб кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Алъолам”, кишварҳои Австралия, Белгия, Бразилия, Канада, Эквадор, Миср, Эстония, Фаронса, Олмон, Ғано, Юнон, Венгрия, Италия, Ҷопон, Кувайт, Мағриб, Нигерия, Норвегия, Панама, Арабистони Саудӣ, Шветсия, Англия, Амрико, Уругвай ва Аргентина ба қатъномаи пешниҳодии се кишвари аврупоӣ дар Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ раъйи мусбат доданд.

Русия ва Чин ба ин қатънома раъйи манфӣ доданд.

Бар асоси ин гузориш, кишварҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҳинд, Муғулистон, Нигер, Покистон, Африқои Ҷанубӣ ва Таиланд ба қатъномаи зиддиэронӣ раъй бетарафӣ доданд ва Парагвай низ ғоиб будааст.

Михаил Улянов, намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар вокуниш ба тасвиби қатъномаи пешниҳодии се кишвари Британия, Олмон ва Фаронса дар Шӯрои ҳукком гуфт: “Мо бовар дорем, ки ин қатънома метавонад ғайрисозанда бошад ва ниёз аст, ки Теҳрон ва ожонс бидуни таъхир ин мушкилро ҳал кунанд”.