Июн 22, 2020 14:05 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ройзаниҳои ҳайати афғонистонӣ дар Теҳрон

Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Афғонистон, ки дар садри ҳайате ба Теҳрон сафар кардааст, имрӯз душанбе бо вазири умури дохилии Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммад Ҳаниф Атмар рӯзи душанбе дар дидори Абдуризо Раҳмонии Фазлӣ- вазири умури дохилаи Эрон зимни қадрдонӣ аз ҳимоятҳои ҳамешагӣ ва бародаронаи Эрон аз Афғонистон гуфт: Масоил ва мушкилоти байни ду кишвар бояд ба сурати решаӣ ҳал шавад то тавофуқҳои Теҳрон ва Кобул бар асоси санади ҳамкории ҷомеъ, ба натиҷаи матлуб бирасад.

Ҳаниф Атмар бо таъкид бар ин ки санади ҳамкориҳои ҷомеи Эрон ва Афғонистон таи се моҳи оянда ниҳоӣ мешавад афзуд: Бояд омаду шуди шаҳрвандони ду кишвар ва ҳузури шаҳрвандони афғонӣ дар Эрон қонунӣ бошад.

Абдуризо Раҳмонии Фазлӣ- вазири умури дохилаи Эрон низ дар ин дидор таъкид кард: Давлатҳои Эрон ва Афғонистон бояд талош кунанд ҳамаи монеаҳо дар масири убури қонунӣ аз марз бардошта шавад ва рафту омади қонунии шаҳрвандони ду кишвар осон гардад.

Имрӯз Мирвейс Ноб- муовини сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Афғонистон низ бо Саидаббоси Ироқчӣ- муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дидор ва дар бораи густариши равобити дуҷониба ройзанӣ ва машварат кард.

Ваҳидулло Маҷруҳ- муовини саломати Вазорати сиҳати оммаи Афғонистон ҳам дар дидор бо Қосим Ҷонбобоӣ- муовини вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, бо ишора ба дастовардҳои хуби Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мубориза бо корона гуфт: Афғонистон пешниҳод мекунад ҷаласаҳои муштараке байни мутахассисони ду кишвар барои табодули иттилоот дар заминаи мудирияти корона баргузор шавад.

Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Афғонистон рӯзи якшанбе дар садри ҳайате баландпоя шомили 45 нафар аз мақомоти баландрутбаи давлати ин кишвар барои дидор бо мақомоти Эрон вориди Теҳрон шуд.

Ҳаниф Атмар ва ҳайати ҳамроҳ баъд аз зуҳри рӯзи якшанбе низ бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷа ва Алии Шамхонӣ- дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.

 

Барчасп