Июн 23, 2020 12:04 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои украинӣ ба Фаронса ирсол мешавад

Вазири умури хориҷаи Эрон аз ирсоли ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои украинӣ барои хониши иттилооти он ба Фаронса дар чанд рӯзи оянда хабар дод.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Франсуа Филип Шампайн- вазири умури хориҷаи Канада ба вай иттилоъ дод, ки Эрон ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои украиниро барои хониши иттилооти он ба Фаронса ирсол хоҳад кард.

Зариф изҳор дошт: Тасмим барои ирсоли ҷаъбаи сиёҳ муддате  аст гирифта шуда ва ба зудӣ ин тасмим иҷроӣ хоҳад шуд.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки омодагии Эрон барои ҳаллу фасли масоили ҳуқуқӣ ва чигунагии ҷуброни хасоратҳои воридшуда ба хонаводаи мусофирон ва ширкати ҳавопаймоии украинӣ, муддатҳо аст ба давлати Киев эълом шудааст, гуфт: Тарафи украинӣ то кунун ҳайати худ барои анҷоми музокиротро муаррифӣ накарда ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунон пайгири мавзӯъ аст.

Ҳаштуми январи 2020  як ҳавопаймои мусофиркашонӣ мутааллиқ ба хутути ҳавоии Украина атрофи Теҳрон суқут кард, ки бар асари он, 167 мусофир ва 9 хадамаи ин парвоз ҷон бохтанд. Бештари мусофирони ин ҳавопаймо, шаҳрвандони Эрон ва 32 нафар аз сарнишинони ин парвоз низ бо гузарномаҳое аз 5 кишвари Канада, Афғонистон, Украина, Англис ва Шветсия буданд.