Июн 26, 2020 17:56 Asia/Dushanbe
  • Контроли минтақаи инфиҷори шаби гузашта дар Порчин

Сухангӯи Вазорати дифои Эрон гуфт, маҷмӯа ва минтақаи махозини газӣ, ки шаби гузашта дар Порчин мунфаҷир шуд, таҳти контрол аст ва ҳеҷ мушкили хосе вуҷуд надорад.

Ба гузориши “Форс”, Амир Довуди Абдӣ дар бораи ҷузъиёти инфиҷори шаби гузашта дар минтақаи Порчини Теҳрон гуфт, иттифоқе, ки соатҳои поёнии шаби гузашта дар ҷануби шарқи Теҳрон рух дод, ба далели нишасти махозини газӣ буд, ки дар минтақаи умумии Порчин рух дод ва омили инфиҷор ва шуълавар шудани оташ шуд.

Вай афзуд, билофосила ягонҳои оташнишон ва сухторхомӯшкун вориди минтақа шуданд ва ба суръат оташ маҳор шуд ва ҳеҷ осебе ба касе ворид нашуд ва талафоте ҳам надоштем ва дар ҳоли ҳозир ҳам маҷмӯа ва минтақаи махозини газ таҳти контрол ҳаст.

Абдӣ идома дод: “Дақоиқе пеш дар ин минтақа будам ва алҳамдулиллоҳ ҳеҷ мушкили хосе надорем ва ҳама чиз тибқи риволи оддӣ тайи масир мекунад”.

Сухангӯи Вазорати дифоъ дар поён гуфт, маҳалли вуқӯи ин ҳодиса минтақаи маскунӣ нест ва як минтақаи теппамонанде аст, ки ин иттифоқ он ҷо рух дод ва Худоро шукр мекунем, ки осебе ба касе ворид нашудааст.