Мувофиқати мақоми муаззами раҳбарӣ бо кумаки вижаи молиётӣ ба ширкатҳои тозавориди бурс
(last modified Fri, 26 Jun 2020 14:19:51 GMT )
Июн 26, 2020 19:19 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати мақоми муаззами раҳбарӣ бо кумаки вижаи молиётӣ ба ширкатҳои тозавориди бурс

Раисҷумҳурии Эрон дар номае ба вазири иқтисод, аз мувофиқати Раҳбари муаззами инқилоб бо кумаки вижаи молиётӣ ба ширкатҳое, ки имсол вориди бурс мешаванд, хабар дод.

Бозори бурс ин рӯзҳо ба унвони яке аз пурбоздидтарин бозорҳои Эрон ба шумор меравад ва давлат дар талош аст бо ҳимоят аз ин бозор, рушди онро идомадор кунад.

Дар ҳамин росто, арзаҳои аввалия дар дастури кор қарор гирифтааст ва саҳоми адолат низ баъд аз озодсозӣ вориди сабади бурси афрод шудааст.

Дар идомаи ин ҳимоятҳо низ раисҷумҳурӣ бар асоси мусаввабаи Шӯрои олии ҳамоҳангии иқтисодӣ, дар номае ба вазири иқтисод эълом кард, ки ҳимоятҳои вижаи молиётӣ аз ширкатҳое, ки дар соли ҷорӣ вориди бурс шаванд, анҷом хоҳад шуд.

Дар ин нома раисҷумҳурӣ таъкид карда, ки ин мусавваба ба таъйиди Раҳбари муаззами инқилоб низ расидааст.

Раисҷумҳурӣ дар ин нома бо ишора ба ин ки банди 2 мусавваботи панҷоҳумин ҷаласаи Шӯрои олии ҳамоҳангии иқтисодӣ муаррихи севуми хурдоди соли ҷорӣ, ки ба таъйиди мақоми муаззами раҳбарӣ расида, онро барои иҷро ба вазорати иқтисод иблоғ кардааст.

Бар ин асос, дар ин нома таъкид шуда, ки ба манзури таъмиқи бозори сармоя, ташвиқи ширкатҳо ба арзаи саҳом дар бурс ва афзоиши шаффофияти молиётӣ дар мавриди ширкатҳое, ки бо ироаи суратҳои молӣ ва пардохти молиёти мутааллиқа дар соли 1399 вориди бозори бурс шаванд, Созмони умури молиётии кишвар пас аз пазириши онҳо дар бозори бурс, мутаарризи ҳисобҳои санавоти гузаштаи онҳо нахоҳад шуд.

Ин ширкатҳо муваззафанд ҳаддиақал 25 дарсади саҳоми ширкати худро ба сурати шиновар дар бозори сармоя арза кунанд.