Июл 23, 2016 17:37 Asia/Dushanbe
  • Англия ва иддаои нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон

Вазорати умури хориҷаи Англия дар гузориши тоза мунташир шудаи худ дар бораи вазъи ҳуқуқи башари Эрон дар соли 2015, бо такрори бархе иддаоҳои мавҳум муддаӣ шудааст, собиқаи ҳуқуқи башари Эрон ҳамчунон нигарониҳои бузургеро матраҳ мекунад.

Гузориши Вазорати умури хориҷаи Англия дар воқеъ гузориши ба рӯз шуда дар бораи авзои ҳуқуқи башар дар Эрон дар соли 2015 аст, ки муҳтавои он фазосозии ҳуқуқи башарӣ алайҳи Эрон аст. Дар ин гузориш иддао шудааст, дар мавзуи ҳуқуқи башар дар Эрон камокон нигарониҳое вуҷуд дорад ва шавоҳиди чандоне аз тағйироти мусбат дида намешавад. Афзоиши эъдоми муҷримон, фиқдони озодии баён ва эъмоли маҳдудият бар матбуот ва расонаҳои иҷтимоӣ ва боздошти фаъолони ҳуқуқи башар аз маворидест, ки дар ин гузориш гунҷонда шудааст.

Ончи мусаллам аст, асл ва моҳияти ин гузориш қатъи назар аз мавориди матраҳшуда нишон медиҳад, ки ҳадаф ҳифзи ҷарёни мустамари эронҳаросӣ аст, ки аз солҳо қабл истимрор дошта ва баунвони яке аз 3 гузинаи матраҳ дар тарҳи эронҳаросӣ яъне масъалаи ҳастаӣ, терроризм ва ҳуқуқи башар дунбол мешавад.  

Бо ин ҳол иқдоми Англия дар бознашри ин гузориши сохтагӣ аз ду ҷанба ҳоизи таваҷҷуҳ аст. Нахуст онки ин ҳаракат нишон медиҳад, Англия ҳамчунон бадунболи такрори иддаоҳои мавҳумест, ки аз муддатҳо қабл мавриди нақд ва маҳалли баҳс дар гуфтумонҳои сиёсии байни Эрон ва кишварҳои аврупоӣ будааст. Аммо нуктаи дуввум моҳияти дугонаи ҳуқуқи башарии кишварҳои ғарб ва аз ҷумла Англия аст.  

Кишварҳои муддаии ҳуқуқи башар аз ҷумла Амрико ва Англия бузургтарин ноқизони ҳуқуқи башар дар ҷаҳон ҳастанд, ин воқеият аз нигоҳи бисёре аз расонаҳо ва мардуми ҷаҳон дигар пинҳон нест, аммо кишварҳои ғарбӣ ҳамчунон саъй доранд, худро парчамдори мудофеи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон нишон диҳанд.  

Баёнияи Вазорати хориҷаи Англия зидди Эрон дар ҳоле мунташир шудааст, ки муруре кӯтоҳ бар корномаи ҳуқуқи башарии онҳо хилофи ин иддаоҳоро нишон медиҳад.  

Амрико ва Англия кишварҳоро ба баҳонаи нақзи ҳуқуқи башар муҷозот ва таҳрим мекунанд ва ҳатто ба онҳо лашкаркашӣ мекунанд ва муддаиянд, барои барқарории демократия ва додхоҳӣ аз қурбониёни нақзи ҳуқуқи башар дар дигар кишварҳо мудохила мекунанд. Натиҷаи ин иқдомот аммо дар Афғонистон ва Ироқ ва Яман багунаи дигарест. Ин кишварҳо ҳуқуқи башарро дар воқеъ василаи мудохила барои султаи ғайриқонунии худ бар сарнавишти миллатҳои ҷаҳон қарор додааст ва ин ба маънои сӯиистифода аз мавзуи ҳуқуқи башар ва сиёсате фиребкорона барои расидан ба мақосиди сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ аст.  

Ҷумҳурии исломӣ аз нигоҳи муддаиёни дуруғини ҳуқуқи башар ноқизи ҳуқуқи башар аст, чун бо қотилон ва мутаҷовизон ва террористҳо ва қочоқчиёни маводи мухаддир бархурде сахт дорад. Аммо аз назари Англия ва Амрико сукут дар баробари ҷинояти режими саҳюнистӣ ва бетафовут гузаштан аз сар буридани кӯдаки фаластинӣ ба дасти ҷинояткорони ДИИШ ва иқдомоте ҳамчун эътои силоҳи химиявӣ ба режими мутаҷовизи Саддом ва ҳамлаи мушакии нови ҷангии Амрико ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон, нақзи ҳуқуқи башар маҳсуб намешавад. Бисёре аз инсонҳои бегуноҳ дар зиндонҳои Амрико ва Англия дар Ироқ ва Афғонистон бадалели шиканҷаҷони худро аз даст додаанд. Дар Амрико ва Англия ҳуқуқи бисёре аз мардум аз ҷумла сиёҳпустон нақз шудааст. Ин кишварҳо дар муқобили ҷиноёти режими саҳюнистии ишғолгар алайҳи миллати мазлуми Фаластин низ сукут мекунанд. Онҳо ҳамчунин аз Арабистон, ки дар Яман ва Баҳрайн мардумро ба хоку хун мекашад, ҳимоят мекунанд.  

Тардиде нест, ки риояти ҳуқуқи башар аз аҳаммияти ҷаҳонӣ бархурдор аст ва бояд барои иртиқои он талош кард, аммо яқинан онҳо бадунболи чунин ҳадафе нестанд.

Барчасп