Июл 02, 2020 10:10 Asia/Dushanbe
  • Раванди Остона; тазмин‎кунандаи сулҳ, истиқлол ва ҳокимияти миллии Сурия

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти маҷозии сарони “Раванди Остона” ба мизбонии Теҳрон гуфт: Раванди Остона ҳамчунон танҳо раванди муваффақ барои кумак ба ҳаллу фасли мусолиматомези буҳрони Сурия аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ асри чаҳоршанбе дар нишасти маҷозии сарони кишварҳои "Раванди Остона" хитоб ба Владимир Путин- раиси ҷумҳури Русия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон- раиси ҷумҳури Туркия изҳор кард: Раванди Остона дастовардҳои хубе дошта, ки ҳифз ва тавсеаи он вазифаи се кишвари дӯст ва ҳамсоя ба унвони кишварҳои зомини Раванди Остона аст.

Раванди Остона ба ибтикори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо ҳамкории Русия ва Туркия аз январи соли 2017 шакл гирифт ва дар пайи ройзаниҳо ва машваратҳои мустамари се кишвари зомини ин раванд, буҳрони Сурия дар масири дурусти ҳаллу фасли мусоламатомез қарор гирифт.

Раванди Остона хориҷ аз иродаи Амрико ва рӯйкарди аврупоӣ аст ва бо таваҷҷуҳ ба дидгоҳ ва сиёсати муштараки Эрон, Русия ва Туркия дар баробари буҳрони Сурия ва таъкиди онон бар ҳифзи ҳокимияти миллӣ ва якпорчагии ин кишвар, раванде созандааст.

Таъкид бар мубориза бо терроризм, эҳтиром ба хости мардуми Сурия дар чорчуби роҳи ҳали сурӣ- сурӣ ва дар ниҳоят исрор бар ҳифзи ҳокимияти сарзаминии Сурия дар ҷараёни мубориза бо терроризм, забони муштараки кишварҳои Раванди Остона буда, ки имрӯз коромадии худро бо вуҷуди бархе ихтилофи дидгоҳҳо, ба исбот расондааст.

Эрон муътақид аст, дар ҳоле, ки мубориза бо терроризм рӯйкарди дурусте дар Сурия аст, аммо эҳтиром ба ҳокимияти миллӣ ва истиқлоли Сурия низ асли хадшанопазер маҳсуб мешавад ва ин асл дар ҷараёни мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.

Таваҷҷуҳ ба ин асли муҳим, ки Сурияи муттаҳид, мустақил ва бидуни ҳузури ғайриқонунӣ ва номшруи неруҳои хориҷӣ на фақат ба бозгашти оромиш ба ин кишвар кумак мекунад, балки ба субот ва амнияти кишварҳои ҳамсояи Сурия ҳам кумак хоҳад кард.

Ҳар иқдоме зидди гурӯҳҳои террористӣ ва рафъи дағдағаҳои амниятии кишварҳои ҳамсояи Сурия, ниёзманди ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо давлати марказӣ дар Димишқ аст ва ҳар иқдоми якҷониба дар ин замина, кумаке ба сулҳ, амният ва якпорчагии Сурия намекунад.

Ончи то кунун сарони кишварҳои узви Раванди Остонаро дар масири ҳамкорӣ дар чорчуби ин раванд қарор дода, таваҷҷуҳи ҳамзамон ба мубориза бо терроризм бо тамаркуз бар меҳварияти давлати Сурия, таъкид бар коромадии роҳи ҳали сурӣ- сурӣ ва ҳифзи ҳокимияти сарзаминии Сурия будааст.

Дар ҳамин замина, Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Нишасти маҷозии сарони кишварҳои узви Раванди Остона созанда буд ва тарафайн бар сари тадовуми ҳамкории се кишвари Раванди Остона бо тамаркуз бар коҳиши танишҳо, раванди сиёсӣ ва кумакҳои башардӯстона тавофуқ карданд.

Ройзаниҳои мустамари раисони ҷумҳури Эрон, Русия ва Туркия нишон медиҳад, буҳрони Сурия роҳи ҳале ба ҷуз равиши сиёсӣ надорад ва ҳаргуна дахолат ва ҳузури неруи низомии хориҷӣ дар ин кишвар монеае барои иҷрои комили рӯйкарди сурӣ- сурӣ аст.

 

Барчасп