Июл 14, 2020 15:53 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Эрон: кишвар бидуни вобастагӣ ба нефт идора мешавад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, идораи кишвар бо камтарин вобастагӣ ба нефтро қудратнамоии Ҷумҳурии Исломӣ дар ҷанги иқтисодӣ тавсиф кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзи сешанбе дар ҷаласаи ситоди ҳамоҳангии иқтисоди давлати Эрон гуфт: Америкоиҳо интизор доштанд чанде пас аз оғози таҳримҳо, тавсеаи иқтисодии Эрон мутаваққиф шавад аммо имрӯз кишвар бо барномарезӣ ва такя бар иқтисод бидуни нафт идора мешавад, ки ин, қудратнамоӣ ва пирӯзии бузурге барои миллати Эрон дар ҷанги иқтисодӣ аст. 
 
 Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба асароти вируси корона бар вазъияти кунунии иқтисоди кишварҳои ҷаҳон гуфт: дар шароите, ки ҳатто бархе кишварҳои тавсеаёфта низ дар таъмин ва тавзеи ниёзҳои рӯзмарраи мардум бо мушкил мувоҷеҳ шуданд, Эрон бо тадобири вижа ва омодагии сохторҳо ва дастгоҳҳо ва бо ҳамкории мардум, аз мушкилот убур кард. 
 
 Рӯҳонӣ таъмини ниёзҳои зарурии мардум ва тавлидкунандагонро аз авлавиятҳои давлати Эрон баршумурд ва гуфт: бо талоши ҳамаҷонибаи масъулон, токунун ниёзҳои асосӣ ва зарурии мардум ва тавлидкунандагон таъмин шудааст.

Барчасп