Омодагии Эрон барои кумак ба коҳиши таниш миён Арманистон ва Озарбойҷон
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар тамоси телефонӣ бо ҳамтоёни озарӣ ва армании худ аз омодагии Эрон барои коҳиши таниш миёни ду кишвар хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар пайи бурузи даргириҳои ахир миён неруҳои озарӣ ва арманӣ, Муҳаммадҷаводи Зариф асри сешанбе дар тамосҳои телефонии ҷудогона бо Элмар Мамадёров ва Зуроб Мнатсакиян- вазирони умури хориҷаи Озарбойҷон ва Арманистон, ду тарафро ба хештандорӣ ва оғози гуфтугӯ барои ҳаллу фасли мусолиматомези ихтилофот тавсия кард.
Зариф ҳамчунин омодагии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои кумак ба поён додан ба танишҳои озарӣ-арманӣ эълом кард.
Неруҳои низомии ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар рӯзҳои ахир бори дигар бо якдигар даргир шуданд, ки бар асари он чанд низомӣ, ки гуфта шуда мутааллиқ ба ҳар ду тараф будаанд, кушта ва теъдоде низ захми шуданд.
Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи сешанбе аз кушта шудани ду низомии баландпояи худ дар ин даргириҳо хабар дод.
Боку ва Ереван ҳар як дигариро ба оғози даргирӣ муттаҳам мекунанд.