Июл 16, 2020 16:47 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҳудуди 90 дарсад аз саноати барқи Эрон худкифо шудааст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Ҳудуди 90 дарсад аз саноати барқи Эрон бо худкифоӣ пеш меравад ва дар ин замина бояд ба худкифоии мутлақ бирасад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар маросими оини баҳрабардорӣ аз 18 тарҳ ва лоиҳаи миллӣ дар ҳавзаи об ва барқ дар устони Ҳурмузгон, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, афзуд, ки бандари Ҷосак базудӣ  табдил ба бандари тиҷории муҳими содироти нафти Эрон хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Эрон гуфт: Дар ибтидои инқилоб 74 дарсади мардуми мо дар шаҳрҳо ба оби ошомидании беҳдоштӣ дастрасӣ доштанд ва алъон низ ба 99,9 дарсад расидааст.

Рӯҳонӣ таъкид кард: Ба онҳое, ки мегӯянд инқилоби исломӣ чӣ кардааст, бояд гуфт, дар мавриди сохти тасфияхонаи фозилоб, мо алъон 63 баробар бештар аз аввали инқилоби тасфияхона дорем.

 

Барчасп