Июл 16, 2020 19:16 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши сардор Қоонӣ ба ҳодисаи оташсӯзии нови амрикоӣ

Фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Рӯзҳои бисёр сахте дар интизори Амрико ва режими саҳюнистӣ аст.

Ба нақл аз шабакаи "Алолам", сардор Исмоили Қоонӣ, фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ҷамъе аз фармондеҳони муқовимат, дар вокуниш ба оташсӯзии нови амрикоӣ USS Bonhomme Richard изҳор дошт:

Он чи имрӯз дар Амрико иттифоқ афтода, бавижа ҳодисаи нов, натиҷаи амалу рафтор ва ҷинояти давлати Амрикост ва ин ваъдаи илоҳӣ аст, ки ҳар касе зулм ва ҷинояте кунад, дучори азоби илоҳӣ мешавад. Инҳо чун каломи илоҳиро тағйир доданд ва зулм карданд ва ҷиноят муртакиб шуданд, гирифтори қаҳору азоби илоҳӣ шуданд.

Вай таъкид кард: Амрикоиҳо беҳуда ба дунболи муқассир нагарданд ва дигаронро муттаҳам накунанд. Ин оташе аст, ки худашон равшан кардаанд ва имрӯз ин оташ онҳоро дар бар гирифтааст. Бояд ба онҳо бигӯем, ин иттифоқ посух ба ҷиноятҳои шумост, ки ба ба дасти аносири худи шумо иттифоқ афтодааст. Худованд бо дасти худи шумо, шуморо муҷозот мекунад.

 

Барчасп