Июл 18, 2020 15:55 Asia/Dushanbe
  • Гомҳои Эрон дар заминаи тавлиди ваксинаи КОВИД-19

Дар Эрон, барои тавлиди ваксинаи КОВИД-19 гурӯҳҳои таҳқиқотии мутааддиде фаъол ҳастанд ва пешрафтҳои умедворкунандае дар ин замина бадаст омадааст.

Саиди Намакӣ- вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа дар мусоҳибае бо эъломи ин хабар, ибрози умедворӣ кард дар ояндаи наздик хабарҳои хушеро дар ин бора ба мардум эълом кунад.

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин бо ишора ба фаъолияти 57 гурӯҳи таҳқиқотӣ барои тавлиди доруи бемории корона афзуд: Ин гурӯҳ аз донишмандони эронӣ рӯйи дастуруламалҳои доруии бисёре кор мекунанд, ки натиҷаҳои он дар як кумитаи илмӣ баррасӣ мешавад ва интизор меравад, ки ба зудӣ битавон ваксинаи тавлидии муҳаққиқони эрониро рӯйи инсон озмоиш кард.

Бар асоси гузориши Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, теъдоди ашхоси гирифтор ба вируси корона дар ҷаҳон аз марзи 14 миллион нафар фаротар рафтааст, ки аз ин теъдод наздик ба шашсад ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд. Теъдоди мубталоён ба вируси КОВИД-19 дар Эрон ҳам ба ҳудуди 270 ҳазор нафар расидааст ва мутаассифона ҳудуди 14 ҳазор нафар бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Дар фароянди муқобила бо ин бемории мӯҳлик, ду баҳси калон вуҷуд дорад:

Баҳси нахуст, тарзи муқобила бо густариши вируси корона аст, ки дар коҳиши гирифторӣ ба ин беморӣ нақши бисёр муҳимме дорад. Кадри дармонӣ ва пизишкии Эрон тавонистааст бо як кори бузурги ҷиҳодӣ раванди шуйюи вирусро бо вуҷуди оғози мавҷи дувуми шуйюи беморӣ контрол кунад. Ба тавре, ки аз рӯзи ҷумъа бо таваҷҷуҳ ба афзоиши шохисҳои беҳдоштӣ ва саломатӣ дар фурудгоҳҳо, парвози ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ аз осмони Эрон, ба ҳолати оддӣ баргаштааст.

Баҳси дувум, талош барои тасреъ дар дармони бемории корона аст. Гоми муҳими Эрон дар ин замина ҳокӣ аз рушди ҳаракати илмӣ ва пизишкӣ дар кишвар аст. Ин ҳаракат бо вуҷуди мушкилоте, ки вируси корона эҷод кард, ба суръат дар ҷомеаи илмии кишвар шуруъ шуд.  

Доктор Мустафо Қонеъӣ, раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар ин замина мегӯяд: Камтар кишвареро дар дунё мешиносем, ки вақте бемории вирусӣ дар дохили кишвар меояд ва ба тамоми имконот, таҷҳизот ва тестҳои ташхисӣ эҳтиёҷ дорад, зарфи ду моҳ ба кишвари содиркунанда табдил шавад. Ин нишон медиҳад буняи технологии Эрон нисбат ба кишварҳое, ки иддао доштанд бисёр хуб аст ва ин метавонад навидбахши ин мавзуъ бошад, ки кишвар тавассути донишбунёнҳо ва фанноварон муроқибат шавад.

Дар канори ин ҳаракат, корҳои илмӣ ва таҳқиқотии муҳими дигаре низ бо таҳқиқ ва озмоиш бар руйи сохти ваксина шуруъ шудааст, ки ба хубӣ дар ҳоли пешрафт аст. Изҳороти вазири беҳдошти Эрон дар таъйиди ҳамин нуктааст.

Дар ҳоли ҳозир муҳаққиқони кишвар дар ҳоли анҷоми тест рӯйи ваксина ва доруҳои муассир дар дармони мубталоён ба корона ҳастанд. Бадеҳӣ аст натиҷаҳои таҳқиқот дар ин замина бо кишварҳои дигар низ дар миён гузошта мешавад. Чунон чи яке аз ин равишҳо ва ё доруҳо муассир бошанд, бо таъйиди Кумитаи илмии муқобила бо корона вориди протоколи дармонӣ хоҳанд шуд. Дар таҳқиқоти ҷаҳонӣ ва байналмиллалӣ низ Эрон ба унвони яке аз кишварҳои фаъол ҳузур дорад ва дар теъдоди бисёр болое аз мавридҳо ва натиҷаҳои таҳқиқотӣ мушорикат дорад. Ин равандҳо нишон медиҳад, ки Эрон дар чархаи таҳқиқоти корона бо диққат дар ҳоли озмудани фарзияҳо ва таҳқиқоти муътабари илмӣ аст. Муҳаққиқон дар Эрон ба думболи роҳи ҳалҳое барои аз байн бурдани вируси корона бо равишҳои навини пизишкӣ ва дармонӣ ҳастанд ва ингуна, ки вазири беҳдошти Эрон тасреҳ кардааст, Эрон ҳамгом бо 5 кишвари бузурге, ки рӯйи КОВИД-19 кор мекунанд пеш меравад ва гоме ҳам аз онҳо ақиб нест.

 

Барчасп