Ироқчӣ: Амрико дар ғиёби давлати Афғонистон бо "Толибон" муломила кардааст
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Амрико, ки худро муттаҳиди Кобул мехонад, дар ғиёби давлати Афғонистон бо "Толибон" дар бораи ояндаи ин кишвар музокира ва муомила кардааст.
Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии "Тулӯъ Нюз"-и Афғонистон, ки рӯзи якшанбе мунташир шуд, дар бораи мизони робитаи Эрон бо "Толибон" хотирнишон кард:
Ҳама медонанд, ки "Толибон"-ро чи касе сохтааст ва ҳимоят карда ва алъон ҳам чи касе дар ҳоли музокира ва муомила бо онҳост ва Эрон бо "Толибон" ҳеҷ робитае ба ин шакл надорад.
Ироқчӣ бо баёни ин, ки "Толибон" дар Эрон дафтар надорад, тасреҳ кард: Мумкин аст, "Толибон" барои худ шӯрои Машҳад дуруст карда бошанд, аммо аз назари Эрон мавзӯият надорад.
Вай ҳамчунин афзуд: Теҳрон ҳамон тавр, ки бо ҳамаи гурӯҳҳо дар Афғонистон тамос дорад, бо "Толибон" ҳам тамос дошта ва назароташонро шунида ва мавозеи Эронро низ эълом кардаст.