Июл 20, 2020 19:33 Asia/Dushanbe
  • Твитти Зариф аз сафараш ба иқлими Курдистони Ироқ; ҳамсоягон авлавияти мо ҳастанд

Вазири умури хориҷаи Эрон сафараш ба иқлими Курдистони Ироқро муфид хонд ва равобити мустаҳкам бо ҳамаи ироқиҳоро санги бинои сиёсати Эрон ва ҳамсоягонро авлавияти Ҷумҳурии Исломӣ баршумурд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ ба нақл аз Форс, Муҳаммадҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз сафар ба Ироқ ва иқлими Курдистон дар твитте бо интишори тасовире аз дидорҳояш бо мақомоти иқлими Курдистони Ироқ аз ҷумла «Ничервон Боризонӣ» раиси иқлими Курдистони Ироқ, «Масъуд Боризонӣ» раиси ҳизби демократи Курдистони Ироқ ва «Масрур Боризонӣ» нахуст вазири иқлими Курдистон навишт: «дар идомаи сафари муфид ба Курдистони Ироқ бо Масъуд Боризонӣ раиси ҳизби демократи Курдистон, раиси иқлими Курдистон ва Масрур Боризонӣ нахуст вазири ин минтақа дидор кардам.» 
 
 Зариф унвон кард: «равобити мустаҳкам ва қавӣ бо ҳамаи ироқиҳо санги бинои сиёсати Эрон боқӣ мемонад.» 
 
 Раиси дастгоҳи дипломатияи Ҷумҳурии Исломии Эрон хотирнишон кард: «ҳамсоягон авлавияти мо ҳастанд.»