Июл 21, 2020 09:27 Asia/Dushanbe
  • Таслияти шаҳодати мазлумонаи нуҳумин хуршеди ҳидоят имом Ҷавод (а)

21 июл баробар бо 31 тир ва 29 зилқаъда мусодиф бо солрӯзи шаҳодати мазлумонаи ҳазрати имом Ҷавод (а) пешвои бузурги мусулмонон ва аз набераҳои поки расули гиромии ислом (с) аст.

Ҳазрати имом Муҳаммади Тақӣ (а) маъруф ба имом Ҷавод (а) танҳо фарзанди имом Ризо (а) аст, ки дар соли 203 қамарӣ ва пас аз шаҳодати мазлумонаи падараш имомати уммати исломиро бар уҳда гирифт ва дар муддати 16 соли имомати худ ҳамвора бо истиқболи густурдаи гуруҳҳои мухталифи мардум рӯбарӯ буд , ба наҳве, ки барои хилофати Аббосӣ таҳдиде ҷиддӣ маҳсуб мешуд.

Саранҷом Муътасам, халифаи вақти Аббосӣ бо тарҳи тавтеае имом Ҷавод (а)-ро, ки он замон 25 сол бештар надоштанд ба заҳр масмум кард ва ба шаҳодат расонд.

Ба муносибати шаҳодати ин наводаи гиромии расули Худо (с) саросари Эрони исломӣ сиёҳпӯш ва сӯгвор аст.

Радиои тоҷикии Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳодати мазлумонаи пешвои саховат ва карам имом Ҷавод (а)-ро ба ҳамаи дӯстдорони хонадони Муҳаммадӣ (с) таслият мегӯяд.