Июл 22, 2020 13:30 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Арабистони саудӣ хоҳони равобити баробар бо Эрон нест

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Эрон барои барқарории равобити хуб бо Арабистони саудӣ омодагӣ дорад, аммо мутаассифона давлати Арабистони саудӣ хоҳони равобити баробар бо Эрон нест.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф дар нишасти хабарии муштарак бо Сергей Лавров- вазири умури хориҷаи Русия дар Маскав бо баёни ин ки Эрон ҳамвора мехоҳад бо кишварҳои ҳамсояи худ равобити хуб дошта бошад, афзуд: Доштани равобити хуб бо кишварҳои ҳамсоя аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Эрон аст.

Зариф бар азми Эрон барои тавсеаи равобит бо кишварҳои ҳамсояи худ аз ҷумла дар минтақаи Халиҷи Форс таъкид ва аз эъломи омодагии Эрон барои иртибот бо Арабистони саудӣ ва Аморот бар асоси эҳтироми мутақобил хабар дод.

Вай бо ишора ба тарҳи амниятии Русия барои Халиҷи Форс ёдоварӣ кард, ки Эрон низ тарҳи сулҳи Ҳурмузро пешниҳод додааст, ки дар воқеъ бо тарҳи Русия дар як росто қарор дорад.

Зариф бо баёни ин ки Ироқ низ мехоҳад дар таъмини амнияти минтақа ҳамкорӣ дошта бошад, гуфт: Ироқ метавонад дар таъмини амният ва суботи минтақа нақши муҳиме дошта бошад.