Июл 24, 2020 16:57 Asia/Dushanbe
  • Музоҳимати 2 ҷангандаи душман барои ҳавопаймои мусофирии Эрон дар осмони Сурия

Манобеи хабарӣ панҷшанбешаб аз эҷоди музоҳимати 2 ҷангандаи душман барои ҳавопаймои мусофирбарии Эрон дар осмони Сурия хабар доданд.

Манобеи хабарӣ эълом карданд, 2 фарванд ҷангандаи мутахосим бо наздик шудан ба ҳавопаймои мусофирбарии ширкати ҳавопаймоии “Моҳон”-и Эрон дар осмони Сурия, барои ин ҳавопаймо эҷоди музоҳимат кардаанд.

Пас аз ин иқдоми хатарноки ин ҷангандаҳо, халабони ҳавопаймои мусофирбарии Эрон барои ҷилавгирӣ аз бархурд бо ин 2 ҷанганда, иртифои парвозро басуръат коҳиш дод, ки ин амр муҷиб шуд теъдоде аз мусофирони ин парвоз осеб бубинанд.

Ин ҷангандаҳои мутахосим то садметрии ҳавопаймои мусофирбарӣ наздик шуда буданд.

Ҳувияти ду ҷанганда ҳанӯз ба таври комил мушаххас нашудааст. Бархе манобеъ аз амрикоӣ ва бархе манобеъ исроилӣ будани ин ҷангандаҳо хабар медиҳанд.

Бар асоси эъломи халабони ҳавопаймоии эронӣ, ду ҷангандае, ки ин ҳавопайморо дар осмони Сурия таҳдид кардаанд, амрикоӣ будаанд.

Дар айни ҳол, тибқи гуфтаи хабарнигори Садо ва симо, ки дар ин парвоз ҳузур дошта, ҷангандаҳо ҳувияти исроилӣ доштаанд.

Манобеи хабарӣ эълом карданд, ҷангандаҳои мутахосим бо пинҳон шудани амдӣ дар пушти ҳавопаймои мусофирбарии Эрон, қасд доштаанд падофанди ҳавоии Сурияро маҷбур ба шиллик ба ин ҳавопаймо кунанд.

Бар асоси ин гузориш, ҳавопаймои мусофирбарии Эрон дар фурудгоҳи Бейрут ба сурати эмин фуруд омадааст.

 

Барчасп