Июл 25, 2020 14:42 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Низомиёни Амрико дар интизори табаоти рафтори таҳрикомези худ бошанд

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Эрон дар умури байналмилал, дар паи тааррузи ҷангандаҳои амрикоӣ ба ҳавопаймои мусофирбарии "Моҳон" таъкид кард: Низомиёни Амрико дар интизори табаоти сангини рафтори таҳрикомези худ бошанд.

Дар паи тааррузи ду ҷангандаи ИМА ба парвози 1152 ширкати ҳавопаймоии "Моҳон" дар осмони Сурия, ки рӯзи панҷшанбе аз фурӯдгоҳи байналмилалии Имом Хумайнӣ озими Бейрут буд, теъдоде аз мусофирон ба далели аукусуламали халабон, ҷиҳати пешгирӣ аз бархӯрд бо ҷангандаҳои мутаарриз дучори ҷароҳат шуданд.

Ҳусейни Амирабдуллоҳиён, дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯӯрои исломии Эрон дар умури байналмилал, рӯзи ҷумъа дар Твиттер навишт:

Тааррузи ҷангандаҳои амрикоӣ ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон дар осмони Сурия, бори дигар собит кард, ҳузури бегонагони ишғолгар дар минтақаи Ғарби Осиё таҳдиди ҷиддӣ алайҳи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ аст.