Июл 25, 2020 18:20 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Мардуми Эрон дар баробари фишорҳо ба зону дар намеоянд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Мардуми Эрон дорои тавони кофӣ барои истодагӣ дар баробари фишорҳо ҳастанд ва ба зону дарнамеоянд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбе дар ҷаласаи Ситоди миллии мубориза бо корона афзуд: Мардуми Эрон нишон доданд дар муқобила бо таҳрим ва вируси корона ва ҳар мушкили бузурги дигаре, бо таовун ва ҳамкорӣ мушкилотро саҳл ва осон мекунанд.

Рӯҳонӣ гуфт: Баҳрабардории густурда аз тарҳҳои миллӣ ба рағми таҳримҳо ва мушкилоти корона, баёнгари ҳаракати кишвар дар масири тавсеа аст ва умед ба оянда ва барномарезии дуруст, ду унсури муҳим барои убур аз мушкилот ва расидан ба ояндае беҳтар аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба баргузории маросими азодории шаҳодати имом Ҳусайн (а) гуфт: Ин маросим бояд дар саросари Эрони исломӣ, бо шукуҳ ва бо риояти дақиқи протоколҳои беҳдоштӣ баргузор шавад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Зиндагии миллати Эрон бо ишқ ба имом Ҳусайн (а), фарҳанги ошуро ва сӯгворӣ барои сайидушуҳадо омехта шудааст ва инки миллати Эрон дар баробари зӯргӯии Амрико истодааст ва муқовимат мекунад ба хотири дарс гирифтан аз фарҳанги ошуро аст.

 

Барчасп