Июл 26, 2020 08:27 Asia/Dushanbe
  • Нобудии як тими террористӣ дар ҷануби ғарби Эрон

Фармондеҳи неруи интизомии вилояти Хузистони Эрон аз нобудии як тими террористӣ дар ин вилоят хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, сардор Ҳайдари Аббосзода- фармондеҳи неруи интизомии вилояти Хузистон рӯзи шанбе дар шарҳи ҷузъиёти ин хабар гуфт: Чаҳоршанбешаби гузашта як тими сенафара дар шаҳристони Моҳшаҳр бо тирпаронӣ ба самти манзилҳои маскунӣ муҷиби ба шаҳодат расидани як зан шуданд.

Сардор Аббосзода гуфт: Омилони ин ҳамлаи террористӣ дар камтар аз 48 соат шиносоӣ ва дастгир шуданд ва аз онон ду даста силоҳи ҷангии клашников ҳамроҳ бо 56 адад фишанги ҷангӣ кашф ва забт шуд.

Фармондеҳи неруи интизомии вилояти Хузистон ангезаи ин афрод дар тирпаронӣ ба самти манзилҳои маскуниро террористӣ унвон кард ва афзуд: Ин се террористи таҷзияталаб дар таҳқиқоти аввалия ба ҷурми худ эътироф карданд.

Се фарди боздоштшуда дорои собиқаҳое ҳамчун тирпаронӣ ба пойгоҳҳои басиҷ ва неруи интизомӣ ва эҷоди ваҳшат дар мардум дар маросим ва идҳои мазҳабӣ ҳастанд.

Таҳқиқот аз ин тими террористии таҷзияталаб идома дорад.

 

Барчасп