Октябр 07, 2016 18:02 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрону Малайзия барои бозгашти равобити дуҷониба ба сатҳи гузашта

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон асри ҷумъа дар нишасти хабарии муштарак бо Наҷиб Тун Раззоқ, нахуствазири Малайзия аз тавофуқи ду тараф барои бозгашти равобити Теҳрон – Куала-Лумпур ба сатҳи гузашта хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, ки имрӯз ба Малайзия сафар карда, пас аз дидор бо нахуствазири ин кишвар дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: "Тасмими мо ин аст, ки битавонем сатҳи равобитро дар марҳилаи аввал ба сатҳи гузашта баргардонем ва дар марҳилаи баъдӣ онро ба суръат ба ду баробари имрӯз бирасонем".

Дар шароити пас аз БАРҶОМ ва пас аз таҳрим, ки сармоягузориҳои фаровоне ба самти Эрон сарозер шуда, Ҳасани Рӯҳонӣ алоқаманди ҳузури Малайзия дар бахшҳои мухталиф шуд.

Раиси ҷумҳурии Эрон таъкид кард, соли 2016 соли таҳарруку тавсеаи равобити ду кишвар дар заминаи иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ бошад.

Арзиши мубодилоти дуҷонибаи Эрону Малайзия дар шароити кунунӣ ҳудуди 500 миллион доллар аст.